Дар низоми давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати муҳими расмӣ, барномаи мушаххаси давлатӣ ва роҳнамову роҳнишондеҳ маҳсуб ёфта, маҳаки асосии он ба беҳтар сохтани сатҳи зиндагонии сокинон ва мукаммалгардонии инфрасохтори шаҳру ноҳияҳо равона гардидааст. Бо ин мақсад дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мардум ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда истодааст. Чунин вохурӣ дар ноҳияи Деваштич низ баргузор карда шуд.
