Рӯзномаи “Нури маърифат”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таи 60-соли фаъолияти худ дар тарбияи рӯзноманигорони ҷавон ва донишҷӯёни донишгоҳ саҳми арзанда гузоштааст. Конфренсияи илмӣ амалие, ки дар толори бинои ин донишгоҳ доир гардид, атрофи нақши рӯзномаи “Нури маърифат” дар рушди журналистика гуфтугузор ба амал овард.
