10.06.2026 04:30

Дар театри мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят чорабинии идонаи фарҳангиву фароғатӣ бо иштироки ҳунармандони ансамбли фолклорӣ-этнографии «Бибиҳо»-и назди Раёсати фарҳанги вилояти Суғд баргузор гардид. Ин чорабини фарҳангӣ бо мақсади баланд бардоштани рӯҳияи афсарону сарбозон дар роҳи содиқона хизмат намудан ба Ватан-Модар ва шодиву нишоти онҳо доир шуда, дар он хизматчиёни ҳарбӣ иштирок намуданд.