Соли 2025-ум барои дастаҳои футболи бонувон ва наврасони вилояти Суғд соли бобарор буд. Дастаҳои кудакону наврасони вилоят дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ 9 маротиба соҳиби Ҷом ва мақоми аввал гардиданд, ҳамчунин онҳо 8 маротиба мақоми дуюм ва 3 маротиба ҷойи сеюмро ишғол намудаанд. Инчунин дастаҳои бонуҳои вилоят дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ду маротиба ҷойи дуюмро ишғол карданд.
