Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо мулоқоту вохуриҳо дар ҳамаи ташкилоту идора ва сохторҳои давлатӣ, инчунин қисмҳои ҳарбӣ доир шуда истодаанд. Чунончӣ рӯзи гузашта масъулини прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд вохӯрии судмандро ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Сарвари давлат дар қисмҳои ҳарбӣ баргузор намуд.
