Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров спартакиадаи варзишии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ин ноҳия аз рӯи 5 намуди варзиш баргузор шуд. Дар ин чорабинии варзишӣ хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ҳамаи ҷамоатҳои ноҳия фаъолона иштирок намуданд.
