10.06.2026 04:30

Сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов солҳои охир ба масъалаи сарфаи нерӯи барқ бо масъулияти баланд муносибат менамоянд. Дар муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва дигар ташкилоту идораҳои ноҳия ба масъалаи сарфаи барқ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Бо роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ, вохӯриҳо ва таблиғи фарҳанги истифодаи оқилонаи нерӯи барқ, ҳисси масъулияти шаҳрвандон боз ҳам боло рафтааст.