10.06.2026 04:35

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои инкишофи тафаккури техникии насли наврас ҳангоми ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26 декабри соли 2019 солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуда буданд. Ин ташаббус маҳз барои насли наврасу ҷавони кишвар буда, ба рушди нерӯи инсонӣ, пешрафти иқтисодӣ ва таъмини рақобатпазирии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ равона шудааст.