Иқдомҳои маърифатпарваронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, рушди фарҳанг ва болоравии сатҳи маънавии ҷомеа равона шудаанд. Ин сиёсати хирадмандона имрӯз ва фардои дурахшони кишварро таъмин менамояд. Китоби «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ яке аз бузургтарин осори адабиёти ҷаҳон ба шумор меравад. Туҳфа намудани ин китоби гаронбаҳо ба аҳолӣ на танҳо як амали фарҳангӣ, балки иқдоми муҳимми маънавӣ ва тарбиявӣ низ мебошад.
