10.06.2026 04:29

Дар ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров марҳилаи аввали мусобиқаи волейбол байни сокинони деҳа ва маҳаллаҳои аҳолинишин ба анҷом расид. Дар ин чорабинии варзишӣ 8 даста аз маҳаллаю деҳаҳои ҷамоати мазкур иштирок намуда, байни ҳам маҳоратсанҷӣ карданд.