10.06.2026 04:30

Ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров семинар баргузор гардид. Таъкид гардид, ки дар партави сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ба унсури муҳими амнияти иқтисодӣ ва экологӣ табдил ёфтааст. Олимони соҳаи кишоварзӣ бобати рушди соҳаи тухмипарвариву растанипарварӣ, аз як қитъаи замин гирифтани се-чор ҳосил, истифодаи самараноки обу заминҳои корам, технологияҳои инноватсионӣ, агротехникаи пешрафта ва таъмини истифодаи самараноки заминҳо маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.