Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба маблағи 39 миллиарду 146,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 123,5 фоиз таъмин карда шуд. Бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, эҳёи коргоҳҳои мавҷуда, коркарди ашёи хоми ватанӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти тайёр барои бозори дохилӣ ва содирот аҳамияти калон доранд. Ин тадбирҳо ба коҳиш ёфтани вобастагӣ аз воридот ва таҳкими истиқлолияти иқтисодӣ мусоидат менамоянд.
