10.06.2026 04:28

Дар вилояти Суғд даври сеюми Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои таълимӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз ёфт. Дар доираи татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва бо мақсади дарёфт, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии хонандагони болаёқат, даври вилоятии Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ шудааст. Ба иттилоъи масъулини Раёсати маорифи вилояти Суғд дар рӯзи аввали баргузории Олимпиада беш аз 350 нафар хонанда аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз рӯйи се фан — физика, химия ва биология иштирок намуданд.