10.06.2026 04:27

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат роҳнамои ояндаи дурахшон” мизи мудаввар баргузор гардид. Дар рафти он асосан вобаста ба нуқтаҳои муҳими Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии кишвар аз тарафи масъулони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, фаъолони ниҳодҳои ҷамъиятӣ инчунин адибон, собиқадорони меҳнат ва масъулони муассисаҳои таҳсилоти олӣ  маърузаҳои пурмуҳтаво пешкаши ҳозирин гардонида шуд.