“Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ бо иштироки намояндагони Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, масъулони соҳаҳои маорифу фарҳанг ва фаъолони ҷомеа ба 47 ҳазору 479 хонаводаи ҷамоати шаҳраку деҳот тақсим карда мешавад. Сокинони шаҳр бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар, аз оғози татбиқи ин иқдоми ватандӯстона изҳори сипос намуда, таъкид менамоянд, ки он ба таҳкими ҳисси ифтихору сарфарозӣ ва масъулияти ватандӯстии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мусоидати фаъол менамояд.
