Ба таъкиди мутахасисони соҳа никоҳи хешутаборӣ дар баъзе ҳолат ба мустаҳкамии оила хатари ҷиддӣ эҷод менамоянд. Ҳоло дар дунё зиёда аз 2 ҳазор намуд касалиҳои гуногуни ирсӣ вуҷуд доранд, ки аксари онҳо дар натиҷаи бастани никоҳи хешутаборӣ ба амал омадаанд. Аз чунин издивоҷҳо кӯдакони дорои нуқсонҳои модарзодӣ ва кӯдакони аз ҷиҳати равонӣ ва ақлӣ суст инкишофёфта ба дунё меоянд.
