10.06.2026 04:34

Соли 2025 барои маорифчиёни вилояти Суғд соли дастовард ва музаффариятҳо арзёбӣ мешавад. Ҳоло дар 965 муассисаи таҳсилоти умумӣ беш аз 593 ҳазор нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар баробари бунёд, таъмир ва навсозии иншооти соҳа хонандагону омӯзгорон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, ба гирифтани ҷойҳои намоён мушарраф шуданд.