10.06.2026 04:32

Дар доираи тадбирҳои андешидашуда барои пешгирӣ ва бартараф намудани талафоти нерӯи барқ, дар шаҳри Истаравшан бунёди зеристгоҳҳои барқӣ, иваз намудани трансформаторҳои нав ва насби ҳисобченкунакҳои барқии замонавӣ ҷараён дорад. Ба назари мутахасисони соҳа ин тадбирҳои муҳим имкон медиҳад, ки муштариён бо барқи хушсифат таъмин ва талафоти нерӯи барқ давра ба давра бартараф карда шаванд.