Танзими ҷашну маросимҳо ҷузъи ҷудонопазири фарҳанг ва ҳувияти миллии мардуми тоҷик ба шумор меравад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» имрӯзҳо аз ҷониби шаҳрвандони кишвар, махсусан сокинони вилояти Суғд риоя гардида, мардум ҷашну маросимҳои худро дар доираи талаботи қонуни мазкур баргузор менамоянд. Бино ба маълумоти масъулин давоми соли 2025-ум дар вилояти Суғд 20-ҳазору 852 туйи домодиву арӯсӣ баргузор гардид.
