10.06.2026 04:27

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Оли дар вилояти Суғд мулоқоту суҳбатҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор гардида истодааст. Бо ибтикори Раёсати фарҳангӣ вилоят дар китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ  конфронси илмӣ  доир гардид, ки дар он олимону муҳаққиқон, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна, олӣ ва миёнаи касбӣ ҳузур доштанд.