10.06.2026 04:38

Бо мақсади саҳм гузоштан дар таъмини ҳадафи чоруми миллӣ, “Саноатикунонии босуръати кишвар” дар шаҳри Истаравшан бо саҳми соҳибкорон корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ таъсис ёфта, асосан истеҳсоли маҳсулоти ивазкунадаи воридот ба роҳ монда шудааст. Соли 2025 дар шаҳри Истаравшан ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ  ба 1 млрд. 486 млн. сомонӣ расонида шуд, ки ин назар ба соли қаблӣ зиёд мебошад.