Саҳми занону духтарон дар рушди соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун шуда истодааст. Имрӯзҳо зани тоҷик дар ҳамаи соҳаҳо, минҷумла ба ҳайси сиёсатмадор, омӯзгору табиб, муҳандис, энергетик, варзишгар, олиму ихтироъкор, ҳунарманду эҷодкор, хоҷагидору соҳибкор ва муҳофизи Ватан фаъолият дорад.
