Дар рӯйхати бемориҳои мавсимӣ, ки бахусус дар фасли зимистон хурӯҷ менамоянд, зуком дар ҷойи аввал меистад. Дар айёми сармо гирифтор шудан ба ин беморӣ бештар ба назар мерасад ва барангезандаи он вирус буда, бо роҳи қатрагӣ-ҳавоӣ мегузарад. Барои пешгири аз бемориҳои сироятӣ, роҳҳои нафас, бемориҳои дарунравӣ, аллергия аз хунукӣ ва пневмания бояд пеш аз ҳама коидаҳои санитарӣ дар муҳити хона риоя гардида, нафари бемор оби ҷӯшонида нӯшад, либоси мувофиқ ба бар намояд ва ҳавои хона тоза нигоҳ дошта шавад.
