10.06.2026 04:27

Ҷашни бостонии Сада аз куҳантарин оинҳои миллати тамаддунофари тоҷик аст. Тибқи солшумории хуршедӣ ин ҷашни бостонӣ ҳамасола 10-уми моҳи баҳман, мутобиқ ба 30-юми январи солшумории мелодӣ таҷлил мегардад. Маҳз бо ташаббусу тадбирандешиҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ва берун аз он ҷашнҳои миллӣ, хоса Наврӯзи оламафрӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон дар сатҳи хеле баланд таҷлил мегарданд.