10.06.2026 04:32

Дар маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо ташаббуси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи вилояти Суғд семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории семинар ин баланд бардоштани сатҳи дониши иштирокчиён оид ба тартиб, бақайдгирӣ ва қоидаҳои имтиҳонсупорӣ дониста мешавад.