10.06.2026 04:37

Тақдими “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ туҳфаи арзишманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар хонадон буда, дар боло рафтани ҳисси худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мусоидат мекунад. Ин шоҳасар аз тарафи масъулони соҳаҳои маорифу фарҳанг ва фаъолони ҷомеа ба 46 ҳазору 67 хонаводаи шаҳри Хуҷанд тақсим карда мешавад.