Дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят маъракаи ниҳолшинонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ оғоз ёфта, сокинон баҳри шукуфоии ватани маҳбуби хеш камари ҳиммат мебанданд. Дар ҳашари ниҳолшинонӣ дар шаҳри Исфара, ки бо иштироки фаъолонаи аҳли меҳнати корхонаву муассиса, хоҷагиҳо ва ҷамоати шаҳраку деҳот баргузор гашт, беш аз 2000 бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд.
