Дар меҳмонхонаи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд, таҳти унвони “Эҳёи ҷашни Сада дар даврони соҳибистиқлолии кишвар” мизи мудаввар баргузор гардид. Дар рафти ҳамоиш гуфта шуд, ки эҳёи ҷашни Сада дар даврони соҳибистиқлолӣ нишонаи сиёсати фарҳангдӯстонаи давлат ва эҳтиром ба таърихи куҳани миллат мебошад.
