10.06.2026 04:30

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар ҷашнҳои миллӣ эҳё гардиданд, ки барои ҷаҳониён таърих ва фарҳанги миллати тоҷикро муаррифӣ мекунад. Сада ба монанди идҳои Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ҷашни миллӣ буда, анъана ва оину суннатҳои ниёгонро дар худ нигоҳ дошта, то ба замони мо омада расидааст. Садаро ҷашни табиат ва меҳнат низ меноманд, зеро бо таҷлили он аз поён ёфтани сардии шадиди зимистон ва наздик шудани фасли киштукор истиқбол карда мешавад.