Дар Маркази саратоншиносии вилояти Суғд семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Тарзи ҳаёти солим – кафолати солимии ҷомеа» баргузор гардид. Ҳадафи чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати касбии кормандони соҳаи тандурустӣ, инчунин омӯзиши усулҳои муосири табобати бемориҳои саратон ва роҳҳои пешгирии онҳо арзёбӣ мешавад.
