Дар ҷараёни нишасти матбуотии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ дода шуд, ки давоми соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд 32 корхонаи хурду миёнаи истеҳсолӣ бо истифода аз технологияҳои муосир мавриди баҳрабардори қарор гирифта, шумораи умумии корхонаҳои шаҳри Хуҷанд ба 325 адад расонида шуд.
