10.06.2026 04:37

Имрӯз соҳаи сайёҳӣ дар вилояти Суғд ба яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфтааст. Соли сипаришуда ба вилояти Суғд беш аз 1,3 млн. нафар шаҳрвандони хориҷӣ ташриф оварда, аз манзараҳои нотакрор ва мавзеъҳои дилфиреби вилоят боздид намуданд. Имрӯзҳо дар вилоят 42 ширкати сайёҳӣ ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ фаъолият мебаранд. Инчунин 210 хатсайри сайёҳӣ бо фарогирии тамоми мавзеъҳои сайёҳӣ ташкил карда шуда, 97 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ фаъолият дорад.