Дар Шуъбаи минтақавии бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вобаста ба вазъи макроиқтисодӣ ва фаъолияти низоми бонкии вилояти Суғд дар соли 2025 нишасти матбуотӣ доир гардид. Сардори Шуъбаи минтақавии бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд зимни таҳлили нишондиҳандаҳо дар давраи ҳисоботӣ таъкид намуд, ки дар низоми бонкии вилояти Суғд имрӯз 6381 нафар фаъолият доранд ва 45 фоизи кормандонро занон ташкил медиҳанд.
