10.06.2026 04:30

Бо истифода аз захираҳои фаровони обӣ ва иқлими мусоид, солҳои охир парвариши моҳӣ дар шаҳру навоҳии вилоят босуръат рушд мекунад. Айни замон дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Ҷаббор Расулов, Конибодом, Спитамен, Исфара, Панҷакент ва дигар минтақаҳо даҳҳо хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият доранд. Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1-уми январи соли 2026 дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Суғд 1-ҳазору 142 тонна моҳӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 129 тонна зиёд мебошад.