10.06.2026 04:30

Тибки маълумоти расмии оморӣ соли 2025 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 4,5 миллиард доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки аз он ҳаҷми содирот 1,7 млрд долларро дар бар мегирад. Тақвияти корҳо доир ба истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва рушди иқтидори истеҳсолӣ, баланд бардоштани рақобатнокӣ ва гуногуннавъии истеҳсолоти саноатӣ, зиёд кардани ҳаҷми коркарди маҳсулот бо ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафтаи олам заминаҳои устуворро ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда фароҳам сохт.