Соли равон дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” доир мешавад. Ин ташаббуси фарҳангпарварона ва хирадмандонаи Сарвари давлат нишонаи возеҳи таваҷҷуҳи хосаи давлату Ҳукумат ба фарҳанг, маънавиёт ва ҳарчи бештар рӯ овардан ба худшиносӣ аст. Дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд семинари машваратӣ барои ҳайати комиссия, ҳакамон ва масъулони озмун дар шаҳру ноҳияҳо баргузор гардида, вобаста ба тартиби баргузорӣ, талабот барои иштирокчиён, низомнома ва дигар масъалаҳои муҳим тавсияҳои муфид дода шуд.
