Соли 2026 дар вилояти Суғд бунёди боғхои нав дар майдони 121 гектар ва токзор дар масоҳати 110 гектар ба нақша гирифта шуда, барқароркунии боғҳои куҳна 950 гектар ва токзори куҳна 110 гектарро дар бар мегирад. Ба таъкиди олимони соҳаи кишоварзӣ бунёди боғу токзори замонавӣ, рӯёнидани ҳосили ба талаботи бозори истеъмолӣ ва содирот ҷавобгӯ, аз интихоби дурусти ниҳол, замин ва сари вақт гузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ вобастагӣ дорад.
