Хатари терроризм ва гуруҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрам буда, омилҳо, хусусиятҳо, зарарҳои он аз ҷониби ҷомеашиносон мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Бо мақсади пешгири ва коҳиш додани хатари ҳамагуна амалҳои ифротӣ дар шаҳри Истиқлол дар мавзӯи «Роҳ ва усулҳои пешгирии ифротгароии хушунатомез дар байни ҷавонон» мулоқоти судманд баргузор гардид.
