10.06.2026 04:27

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманд ва иҷрои нақшаҳо дар самти рушди соҳаи саноат тӯли солҳои соҳибистиқлоли иқдому ташабусҳои зарурӣ амалӣ шуданд, ки он бешак дар самти рушди иқтисоди миллӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва афзоиши ҳиссаи содирот заминаи воқеӣ гузошт. Коркарди пурраи ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ — пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи аҳолӣ ба шуғли доимӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмуъ омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимову иҷтисодӣ мебошад.