Дар коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқоти кормандони мақомоти судӣ бо устодон ва муҳассилини коллеҷ доир ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баргузор гардид. Мулоқот дар фазои озоду созанда доир шуда, иштирокчиён чунин вохӯриҳоро барои таҳкими робитаи мақомоти судӣ бо ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон муҳим арзёбӣ намуданд.
