Дар ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов сокинон дар заминҳои наздиҳавлигии худ гармхонаҳо бунёд намудаанд. Ин иқдом ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ роҳандозӣ гардидааст. Гармхонаҳо имкон медиҳанд, ки ҳатто дар фасли сармо сабзавоти тару тоза парвариш карда шавад. Ҳоло дар ин минтақа бодиринг, помидор, қаламфур, кабудӣ ва дигар намуди маҳсулот рӯёнда шуда, қисми зиёди он ба бозорҳои маҳаллӣ бароварда мешавад.
