10.06.2026 04:29

Мутобиқи нақшаи чорабиниҳои Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷалби судяҳои Суди вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он, прокурорҳои вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои минтақа семинари омӯзишӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон баргузор гашт. Савдои одамон яке аз ҷиноятҳои фаромиллӣ буда, ҳуқуқу озодиҳои инсонро дағалона поймол мекунад ва ба амнияти миллӣ таҳдид менамояд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ муборизаи муассир бо ин зуҳуроти номатлуб тақвияти ҳамкории байниидоравӣ, такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишу таҷрибаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқро тақозо менамояд.