Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабзу хуррамгардонии муҳити зист дар шаҳри Гулистон маъракаи ниҳолшинонӣ идома дорад. Дар маъракаи ниҳолшинонии навбатӣ дар шафати шоҳроҳ ва боғу гулгаштҳои шаҳр беш аз 800 бех ниҳоли ороишӣ ва 10-ҳазор дона гули садбарг шинонида шуд.
