Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқа оид ба футзал барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи вилояти Суғд ба анҷом расид. Дар ин чорабинии варзишӣ, ки давоми 10 рӯз идома дошт 8 даста аз ташкилоту муассисаҳои вилоят иштироку маҳоратсанҷӣ карданд. Бозигарони дастаи маҳаллаи Мусаффо дар ин чорабинии варзишӣ маҳорати баланд нишон дода соҳиби мақоми аввал ва Ҷоми Федератсияи футболи вилояти Суғд оид ба футзал шуданд.
