Дар шароите, ки масъалаҳои амнияти миллӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа аҳамияти бештар касб мекунанд, баргузории мулоқотҳо миёни намояндагони ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқӣ заминаи муҳим мегузорад. Дар ин раванд дар комендатураи ҳарбии Гарнизони Суғд мулоқоти кормандони суди вилояти Суғд бо сарбозон ва афсарон баргузор гардид.
