Бо мақсади баланд бардоштани маҳорати варзишии хизматчиёни ҳарбӣ тибқи нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар вилояти Суғд мусобиқаи ҳарбӣ варзишии “Ҳомии Ватан” оғоз гардид. Дар ин чорабинии ҳарбӣ варзишӣ, ки то санаи 21-уми феврал идома меёбад сарбозону афсарони қисмҳои низомии вилоят иштирок намуда, дар намудҳои бандкашӣ, турниккашӣ, футбол, сангбардорӣ ва гуштини миллӣ маҳоратсанҷӣ мекунанд.
