10.06.2026 04:28

Дар меҳмонхонаи Суғдиён мизи мудаввар дар мавзӯи “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ сарчашмаи худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни мизи мудаввар аз ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ карда шуда, таъкид ёфт, ки баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ барои гиромидошти мероси бузурги адабӣ ва таърихии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад.