Дар самти боғдорӣ барои ба даст овардани ҳосили хушсифат асосан риояи талаботи агротехникӣ ва ба шаклдарории дарахтони мевадиҳанда хело ба манфиат мебошад. Башаклдарорӣ ва буриши шохаҳои дарахтон яке аз омилҳои муҳими нигоҳубини дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ мебошад. Ин раванд ба нашъунамо, ҳосилнокӣ ва зебоии муҳити атроф мусоидат менамояд.
