10.06.2026 04:30

Дар шаҳри Гулистон озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид. Озмуни мазкур бо мақсади тарғиб, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгон дар самти омода намудани таомҳои миллӣ, хуришҳои болаззат, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона роҳандозӣ гардид.