Маъракаи омодасозии техникаҳои кишоварзӣ яке аз марҳилаҳои муҳими омодагӣ ба мавсими нави кишту кори баҳорӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, дар тамоми минтақаҳои кишоварзии вилояти Суғд ба масъалаи омодагии техникаҳо ва риояи талаботи агротехникӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов масъулин техникаҳои кишоварзиро ба хатти тайёр гузоштанд.
